Дар бораи барномаи таълимӣ
Барнома ба тайёр кардани мутахассисоне равона шудааст, ки бо усулҳои самараноки ҳалли масъалаҳои гуногун дар соҳаи IT, техника, иқтисод, табиатшиносӣ, тиб, бо истифода аз моделсозии математикӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва системаҳои зеҳни сунъӣ сарукор доранд. Доштани донишҳои асосӣ дар соҳаи илмҳои математикӣ ва компютерӣ бо истифода аз системаҳои муосири иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ба хатмкунандагони барнома имкон медиҳад, ки бо муваффақият ба фаъолияти лоиҳавию технологӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, педагогӣ ва идоракунӣ машғул шаванд.










